21 Август 2025 - 09:16
Source: ABNA
Ироқчӣ: Толибон ҳуқуқи шиаҳои Афғонистонро риоя накардаанд

Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар як мусоҳибаи тоза бо хабаргузории ИРНА таъкид кард, ки Толибон, бо вуҷуди беҳбуди нисбии амният дар Афғонистон, ҳуқуқи шиаҳоро риоя накардаанд ва то ҳол ба интизороти Эрон дар бахшҳое чун ҳуқуқи об, муҳоҷирон ва масоили бонкӣ посух надодаанд.

Тибқи гузориши Хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) – АБНО, Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар мусоҳибае, ки рӯзи чаҳоршанбе (бо ИРНА, хабаргузории давлатии Эрон) нашр шуд, аз амалкарди Толибон дар робита ба масоили калидии Афғонистон интиқод кард.

Ӯ гуфт, ки Эрон, бо вуҷуди ҳамкории наздик бо ин гурӯҳ барои таъмини манофеи миллии худ, ҳанӯз аз ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон фосила дорад.

Ироқчӣ бо ишора ба мушкилоти зиёди байни Эрон ва Афғонистон, аз ҷумла муҳоҷирон, маводи мухаддир, терроризм, амнияти марзҳо, тиҷорат, масъалаи об, забони форсӣ ва бахусус амнияти шиаҳо, гуфт: «Мо наметавонем ба ин масоил бетафовут бошем.»

Вазири корҳои хориҷии Эрон тавзеҳ дод, ки Толибон дар бархе бахшҳо иқдомоте анҷом додаанд, аммо дар бисёре аз заминаҳо кӯтоҳӣ кардаанд.

Ӯ гуфт: «Амнияти шиаҳо барқарор будааст, аммо дар чанд соли гузашта ҳуқуқашон риоя нашудааст.»

Ҳамчунин бояд гуфт, ки Толибон пас аз бозгашт ба қудрат, қонуни аҳволи шахсии аҳли ташайюъро аз расмият андохт ва тамоми китобҳои фиқҳи ҷаъфариро аз донишгоҳҳо, мадрасаҳо ва китобхонаҳои давлатӣ ҷамъоварӣ кард.

Ин гурӯҳ таъкид кардааст, ки қонунҳои Афғонистон бояд бар асоси фиқҳи ҳанафӣ иҷро шаванд.

Дар бахши дигари мусоҳиба, Ироқчӣ ба мавзӯи ҳуқуқи оби Эрон аз дарёи Ҳирманд ишора кард ва гуфт, ки вазъияти риояи ҳуқуқи об «беҳтар шудааст, аммо ҳанӯз ба сатҳи интизорӣ нарасидааст.»

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки мушкилоти бонкии эрониён дар Афғонистон ҳанӯз ҳал нашудааст.

Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин аз тавофуқ бо Толибон дар бораи бозгашти муҳоҷирон хабар дод ва гуфт: «Як миллион муҳоҷир ба Афғонистон баргардонида шудаанд, бе он ки бӯҳроне дар муносибатҳои ду тараф эҷод шавад.»

Ин дар ҳолест, ки шароит дар рӯзҳои аввал ва қабл аз вуруди нерӯҳои мардумии Афғонистон ва Эрон башиддат сахт ва душвор буд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha